Осорхонаи миллӣ ҳамасола тибқи рисолати касбии хеш бо ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои мухталиф натиҷаи фаъолияти хешро инъикос намуда, ба ин восита дар муаррифии таъриху фарҳанги пурифтихори миллати тоҷик ба аҳли ҷомеаи кишвар ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ саҳми шоиста гузошта истодааст.
Зимнан ба воситаи ташкили чорабиниҳои гуногун муассиса метавонад дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳию хештаншиносии аҳли ҷомеа, хосатан ҷавонон, тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги миллати тоҷик нақши муассир гузорад.
Экскурсия – шакли асосии фаъолияти оммавии осорхона буда, ба воситаи он фаъолияти пурсамари кормандони осорхона, ки дар экспозитсия пешкаш шудааст, пурратар муаррифӣ мегардад.
Дар Осорхонаи миллӣ тамошобинон имкон доранд ба воситаи экскурсия оид ба таърихи куҳану фарҳанги пурғановат, табиати нотакрор, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ва умуман бо тарзи зисту зиндагонӣ, анъана, урфу одат, қаҳрамонию ҷонисориҳои фарзандони миллати тоҷик ва саҳми онҳо дар рушду равнақи соҳаҳои гуногун дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ, инчунин дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ намоянд.
Тамошобинон - 2021
Тамошобинони экскурсия
Экскурсияи дохилӣ
Экскурсияи хориҷӣ
Дар Осорхонаи миллӣ фаъолияти бостоншиносӣ яке аз самтҳои муҳими кори он маҳсуб ёфта, ба воситаи он фонди муассиса бо осори давраҳои гуногуни таърихӣ ғанӣ гардонида мешавад. Шурӯъ аз соли 2013 то ба имрӯз бостоншиносони Осорхонаи миллӣ дар ёдгориҳои гуногуни ҳудуди кишвар ба монанди “Сайёд”-и н. А. Ҷомӣ, “Чимқурғон”-и н. Шаҳринав, “Ғаравқалъа”-и н. Ёвон ва “Ҳалқаҷар”-и н. Хуросон мустақиман ковишҳои бостонӣ анҷом дода, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар умум, нақши Осорхонаи миллӣ дар кашф, омӯзиш, нигоҳдорӣ ва муаррифии ёдгориҳои пурарзиши таърихӣ хеле муҳим ва назаррас мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Осорхонаи миллӣ тармим ва таҳкими ашёҳои осорхонавӣ буда, он баҳри ҳифз, барқарорсозӣ ва тармиму таҳкими осори таърихию фарҳангии миллати тоҷик нигаронида шудааст. Дар Осорхонаи миллӣ – ин самти фаъолият аз садаи 20 оғоз гардида, имрӯз дар муассиса шуъбаи алоҳидае бо номи “Шуъбаи тармим ва консерватсия” фаъолият менамояд. Мутахассисони ин шуъба ҳоло дар самтҳои гуногун ба монанди осори сафолӣ, фулузӣ, коғазӣ, матоъ, чӯбӣ, инчунин санъати тасвирӣ ва амалӣ корҳои тармимгарӣ ва таҳкимиро дар сатҳи баланди касбӣ анҷом дода истодаанд.
Осорхонаи миллӣ дар миқёси кишвар ва берун аз он дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ нақши назаррас дорад. Дар доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби кормандони илмӣ қабл аз ҳама ашёҳои фонди муассиса ва баъдан дигар мавзӯҳои марбут ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода мешаванд.Ҳамин аст, ки дар давоми соли 2021 Ахбори Осорхонаи миллии Тоҷикистон №3, №4, №5, дастурҳои илмӣ-методӣ, Феҳрасти “Тоҷикистон – мамлакатҳои дарёҳои тиллоӣ”, 2 маҷмӯаи маводи конференсияҳо, буклету китобчаҳо оид ба толорҳои намоишӣ ва шуъбаҳои экспозитсионӣ, 102 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва 4 монографияи кормандони муассиса нашр гардиданд.