Ифтитоҳи намоиши “Бозгашт” дар Осорхонаи миллӣ
Ифтитоҳи намоиши “Бозгашт” дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 08.04.2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ намоиши асарҳои санъати тасвирии тармимшуда таҳти унвони “Бозгашт” ифтитоҳ гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ҳамидова Наргис, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва Рассоми Халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарипов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар намоиш кормандони Осорхонаи миллӣ, устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Дар намоиши “Бозгашт” аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ бори нахуст зиёда аз 17 адад асарҳои нодири санъати тасвирие, ки солҳои 1911-1974 аз ҷониби рассомони машҳури Тоҷикистон, ба монанди Моргунов А, Лонин В, Зубреева М, Камелин А, Серебрянский Б, Раҳимов А, Сидоренко В, Бровидский В, Барто С, Бурцев Е. ва дигарон офарида шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Бояд гуфт, ки аҳамияти таърихии намоиши мазкур дар он аст, ки ин асарҳои нодир аз солҳои 60-уми асри XX то инҷониб ба намоиш бароварда нашудаанд. Аз ин рӯ, пас аз тармиму таҳкими пурраи онҳо аз ҷониби тармимгарону мутахассисони Осорхонаи миллӣ бори нахуст дар шакли намоиши осорхонавӣ пешкаши тамошобинон гардонида шудааст.
Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, мавзуъҳои табиати нотакрори кишвар, ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ, дӯстии халқҳо, об, расму оин ва анъанаҳои миллӣ ва дигар унсурҳои миллӣ инъикос ёфтаанд.
Тамошобинон имкон доранд, ки аз намоиши асарҳои санъати тасвирии тармимшуда таҳти унвони “Бозгашт” то 22.04.2025 дидан намоянд.