ҚАЛАМКАШӢ

Санъати тасвирӣ як навъи эҷодиёти бадеист, ки ҳадафи он инъикоси олами атроф аст. Он дар замонҳои қадимтарин, яъне асри санг ташаккул ёфтааст. Одамони ибтидоӣ дар мағораҳо ва сангҳо ҳар гуна саҳнаҳо (петроглифҳо)-ро тасвир менамуданд.

Графика (аз юнонии graphike ва grapho – менависам, нақш, расм мекашам) навъи санъати тасвирӣ, ки сиёҳқаламӣ ва асарҳои нафисаи чопӣ (ҳаккокӣ, литография ва ғ.)-ро дар бар гирифта, ба санъати расмкашӣ асос меёбад. Графика аввал ба маънои хат ва санъати хаттотӣ низ меомад.

Асоси санъати графика усули пйеса (моҳирона ба кор бурдани тобишҳои ранги сиёҳу сафед) аст. Аз ин рӯ, дар графика, баръакси дигар навъҳои санъати тасвирӣ, хелҳои гуногуни ранг кам истифода мешавад. Ғайр аз ин, тафсилоти пурра ва мукаммале, ки дар асарҳои рассомӣ дучор мешаванд, хоси графика нест.

Графика бинобар мӯъҷазии баён, имконияти ифодаи муттасили  мавзуъ, инчунин мувофиқ будан барои нашри зиёд дар соҳаи таблиғу ташвиқ (плакат, иллюстратсия, карикатура, шарж ва ғайра) ифода шуда, дар тарбияи ғоявию сиёсӣ ва бадеии омма нақши калон мебозад.