Ташрифи муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии …

Ташрифи муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Осорхонаи миллӣ
 
    Имрӯз 03.05.2025 муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Нодира Ризоӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмоноро директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони масъул истиқбол намуда, ташрифи онҳоро ба Осорхонаи миллӣ хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, ба меҳмонон аз ҷониби роҳбалади муассиса сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд. Меҳмонон тавассути боздид аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, махсусан бо ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ аз наздик шинос шуданд.
Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ хонум Нодира Ризоӣ, ҳамчун анъана дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ таассуроташонро навишта намуданд.