МИСГАРӢ

Ҳунари мисгарӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми  тоҷик ба шумор рафта, яке аз бонуфузтарин хонадони  тоҷик бо номи Сафор (мисгар ) маъруф ва машҳур мебошад. Дар асрҳои 9-11 ҳунари мисгарӣ хеле рушду нумуъ ёфта, дар он нақшҳои ислимӣ, зооморфӣ ва эпиграфӣ ба назар мерасанд. Дар ин давра истеҳсоли дегҳои калон – лангарҳо ва қандилҳои мунаққаш афзоиш ёфта, зарфҳоро бо нақшҳои эпиграфии иборат аз оёти қуръонӣ, абёти классикони форсу тоҷик – Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил ва Ҷомӣ дар шакли катибаҳои кӯфӣ, насх, настаълиқ ва сулс зебу зиннат медоданд. Мисгарони чирадаст аз мис офтоба, кӯза, коса, шоҳкоса, лаълӣ, чойҷӯш, чойнак, сурмадон, шамъдон, дастшӯ, туфдон, чилим, носкаду, ӯсмаҷӯшак, харбузатарошак, рангдон, қаламдон ва ороишоти занонаю мардона тайёр мекарданд. Ҳунари мисгарӣ дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ мешавад. Дар маҷмуъ, дар Осорхонаи миллӣ 470 адад зарфҳои мисӣ мавҷуд мебошад.