Ифтитоҳи намоиши “Роғун-кохи нур” дар Осорхонаи миллӣ

Ифтитоҳи намоиши “Роғун-кохи нур” дар Осорхонаи миллӣ
 
Имрӯз 15.04.2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳадафҳои стратегии кишвар, бо ташаббуси Осорхонаи миллӣ ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон таҳти унвони “Роғун – Кохи Нур” баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Мудири бахши фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, Сардори Раёсати кадрҳои ҶСП “НБО Роғун” Абдулаҳадзода Сайдулло ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар кори намоиш кормандони Осорхонаи миллӣ, устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Иштирокчиён роҷеъ ба таърихи бунёд ва рушду азнавсозии фаъолияти НБО-и Роғун суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду чархаи НБО-и Роғун ба кор шуруъ намуд, ки ин муҳимтарин дастоварди энергетикии кишвар маҳсуб меёбад.
Тасвири фаъолияти гуногунҷабҳаи НБО-и Роғун дар асарҳои рассомони Тоҷикистон низ падидаи муҳимми фарҳангӣ буда, дар муаррифии корномаҳои бунёдкорони Роғун нақши назаррас доранд, иброз доштан иштирокчиёни намоиш.