ГУЛДӮЗӢ
Гулдӯзӣ – як навъе аз ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки таърихи ниҳоят қадима дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Он аз қадимтарин навъи санъати халқӣ буда, бо сӯзан ва чангакчаҳои махсуси гулдӯзӣ дар рӯи матоъҳои гуногун бо ресмонҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ дӯхта мешавад.
Имрӯзҳо як ҷузъи бисоти арӯсонро сӯзаниҳои калон ташкил медиҳад ва орзуҳои неки волидайн дар нақшҳои сӯзанӣ таҷассум мегардад. Онро махсусан дар тӯйҳои арӯсӣ модар ба духтар ҳадя мекунад ва ё худи духтар онро барои бисоташ медӯзад. Хушбахтона дар ин давра аз ҷониби шаҳрвандон намунаҳои хуби гулдӯзӣ барои харидорӣ пешниҳод мегардад. Яке аз коллексияхои сузаниҳо, рӯйҷо, ҷойнамоз, болинпӯш, зардевор, борпӯш, бардеворӣ, пироҳан, пойҷома, чодари арӯсӣ, оинахалта, миёнбанд, руймол, руймолча, тоқӣ, гаҳворапӯш, чойхалта, камарбанд, намунаҳои олӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар фонди Осорхонаи миллӣ ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд.