Марҳабо ба Осорхонаи миллӣ!
Дар замони Шӯравӣ ба рушду нумӯи санъати тасвирии Тоҷикистон аҳамияти хоса дода мешуд. Дар инкишофи санъати тасвирии Тоҷикистон ва тарбияи мусаввирон саҳми рассомони рус назаррас мебошад. Ба хазинаи ин боргоҳи осори ниёкон аз дигар осорхонаҳои Россия ба монанди Осорхонаи таърихии шаҳри Маскав, Нигористони Третьяков, Осорхонаи далвтаии санъати тасвирӣ ба номи А. С. Пушкини шаҳри Маскав дохил шудаанд, ки асарҳои И. Репин, В. Суриков, В. Маковский, Н. Шишкин, П. Шилтсов, М. Яковлев, И. Айвазовский, Верешягин, А. Рилов, С. Коровин, П. Ҷогин ва ғайра аз зумраи онҳо мебошанд.