Вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳи ҷойивазкунандаи мероси муштараки роҳи абрешим

Рӯзи 03.12.2019 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳи ҷойивазкунанда бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим ба кори худ шурӯъ намуд.

Ин ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳи муштараки ҷойивазкунанда мебошад, ки дар он намояндагони осорхонаҳои миллии кишварҳои ширкаткунанда, коршиносони Кумитаи байналмилалии намоишгоҳҳо ва мубодилаи ICOM, Раёсати таҳқиқоти фарҳангӣ ва минтақавии Донишгоҳи Копенгаген ва ЮНЕСКО иштирок доранд. Намоишгоҳи муштарак дар чорчӯбаи лоиҳаи сесолаи Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО зери унвони “Долонҳои мероси роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон – ҷанбаҳои байналмилалии Соли мероси фарҳангии Аврупо” ташкил карда мешавад. Намоишгоҳ, ки ба мероси муштараки фарҳангӣ бахшида шудааст, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи лоиҳа, намоиш додани мероси бойи кишварҳои иштирокчӣ, мусоидат ва табодули таҷрибаи пешқадам дар Роҳи абрешим ва фаҳмиши муштараки мероси Роҳи абрешим ҳамчун пуле байни Шарқ ва Ғарб равона шудааст. Намоишгоҳ дар фарҷоми лоиҳа тирамоҳи соли 2021 дар осорхонаи мамлакати иштирокчӣ ё Аврупо намоиш дода мешавад ва барои намоиш дар ҳар як кишвари ширкаткунанда дастрас хоҳад буд.