Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бостоншинос»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020

Рӯзи 15 январи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бостоншинос»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини аввали директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо, намояндаи Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳамидиён Илҳомҷон, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе Раҷабзода Эраҷ, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар  ноҳияи И. Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумъахон ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бостоншинос»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Нахуст Иброҳимзода З. С. муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос”-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти ин ташкилот дар соли 2020 гузориш манзур намуд. Аз ҷумла зикр намуданд, ки аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос”-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2020 барои меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва хитоӣ 1032 сайри осорхонавӣ баргузор намудаанд. Бо ташаббуси аъзоёни ташкилот миёни осорхонаҳои Осиёи Миёна Осорхонаи миллии Тоҷикистон нахустин шуда, сайрҳои маҷозиро роҳандозӣ намуд. Ба ин восита 100 000 нафар тамошобинони дохилӣ ва хориҷӣ бо таърих ва фарҳанги миллати тоҷик шинос гардиданд. Тибқи Нақшаи тасдиқшудаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бостоншинос» дар соли 2020 як қатор намоишу чорабиниҳо ташкил ва баргузор карда шуданд. Дар доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотии осорхонавӣ 2 адад рисолаҳои илмии аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бостоншинос», Шарифзода А. Қ. “Ганҷинаи дирҳамҳои сомонии Кӯлоб ҳамчун сарчашмаи таърихӣ” ва Нурматзода Ҳ. “Созҳои мусиқии коллексияҳои осорхонаҳои Тоҷикистон ҳамчун сарчашма дар омӯзиши таърихи фарҳанги халқи тоҷик” барои дарёфти дарҷаи илмии номзади илмҳои  таърих аз  рӯи ихтисоси 07.00.09- “Таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқотии таърихӣ (илмҳои таърих)” дар Шӯрои диссертатсионии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дифоъ гардиданд.

Ҳамзамон дар ин давра 23 мақолаҳои кормандони ОМТ, аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бостоншинос» нашр шуда, бостоншиносони он дар таърихи археологияи Тоҷикистон бори аввал бозёфти тиллоӣ бо тасвири Кентавр (одам ва асп) кашф намуданд.

Дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи ёдгориҳои муассиса ва ҷалби ҷавонон ба тамошои ин ганҷинаи илмӣ-фарҳангӣ дар барномаҳои гуногуни телевизион ва радио беш аз 70 мусоҳиба ва гузоришҳо ба тамошобинону шунавандаҳо пешкаш намудаанд.

Баъдан ду нафар аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос”-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавси Абдулҳамид ва Нурматзода Ҳасан андешаҳои худро оид ба нақш ва ҳадафҳою дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду нумуъ ва баланд гардидани мавқеъи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёи ҷаҳон баён намуданд.

Намояндагони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И. Сомонӣ низ ба сухан баромада, аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос”-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2020 изҳори хушҳолӣ намуда, дастовардҳои онро муҳим ва назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар охири ҷаласаи мазкур Нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос”-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои соли 2021 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.