Шиносоии бонувони фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ бо осори ниёгон ва дастовардҳои даврони истиқлолият
28.11.2019 занони фаъоли Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи курси омӯзишии «Сарвариро меомўзем» ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо осори ниёгон ва дастовардҳои даврони истиқлолият шинос гардиданд. Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.
Сайри осорхонавии меҳмонон аз шуъбаи табиати Осорхонаи миллӣ шуруъ гардида, ба меҳмонон оид ба мавқеи географии Тоҷикистон, иқлим, сарватҳои табиӣ ва конҳо, олами ҳайвоноту растаниҳо ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Ҳамзамон дар ин шуъба бо олами ҳайвоноти Тоҷикистон таввассути диораммаҳои «Помир», «Баландкуҳ», «Чилдухтарон», «Дашти Ҷум» ва «Бешаи палангон» шинос шуданд. Меҳмонон дар шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, бо бозёфтҳои «Саразм», толори «Оини Зардуштия», «Империяи Ҳахоманишиҳо», «Давлати Юнону Бохтар», «Империяи Кушониён», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Буддоии Аҷинатеппа», «Сомониён», толорҳои «Хушнависӣ» ва «Сиккаҳо» шинос шуданд.
Дар шуъбаи таърихи нав ва навтарин ҳаёти мардуми тоҷик дар солҳои 1917-1990 муаррифӣ гардида, дар толори “Истиқлолият”-и ин шуъба ба меҳмонон дастовардҳои кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш муаррифӣ гардиданд. Дар толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар он ҳадяҳои аз ҷониби шахсиятҳои гуногуни ҷаҳонӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдошуда ба маърази тамошо гузошта шудаанд, дидан намуданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки меҳмонон бо диққати махсус экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуда, оид ба таърихи бой ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд. Занони фаъоли Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ пас аз анҷоми сайрҳои осорхонавӣ андешаҳои худро оид ба боздиди толорҳои намоишӣ дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон сабт намуданд.