Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Тоҷикистон 16.11.2017

Муассисаи Давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи 16-ноябри соли 2017, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи “Дарҳои кушод” баргузор намуд. Тавассути чунин чорабинӣ дар ин рӯз ба миқдори 2000 нафар тамошобинони дохиливу хориҷӣ имкон пайдо намуданд, ки ба тариқи ройгон аз экспозитсияи Осорхонаи миллӣ боздид намоянд.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсус бо номи “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал менамояд, ки дар он туҳфаҳое, ки аз ҷониби роҳбарони давлатҳову кишварҳои гуногун ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо шудаанд ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамзамон дар ин толор коллексияи осори тиллоӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осорхона ҳадя шудааст манзури тамошобинон гардонида шуданд.

Дар баробари ин, тамошобинон аз толорҳои намоишии шӯъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, шӯъбаи таърихи нав ва навтарин, инчунин шӯъбаи табиат ва шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон баҳрабардорӣ намуданд.

Онҳо бо таърихи гузаштаи ниёгон ва имрӯзи дурахшони кишвари соҳибистиқлоламон, ҳамзамон бо табиати дилангези кишварамон – Тоҷикистони азиз, бо набототу ҳайвонот ва парандагони он аз наздик шинос шуда, ғизои маънавӣ бардоштанд.