Марҳабо ба Осорхонаи миллӣ!
Рӯзи 02.02.2018 дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд. Меҳмони олиқадр бо ёдгориҳои нодири осорхона, ки аз замони асри санг, давлатдории ҳахоманишҳо, юнону бохтариҳо, кушониён, сосониён, сомониён ва дигар давраҳои марбути таърихи тоҷикон боқӣ мондаанд, шинос гардиданд. Ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳайати ҳамроҳонашон хусусан деворнигораҳои Панҷакенти қадим, кандакории болоичӯбии болооби Зарафшон, санъати хушнависӣ, ҳунари гулдузию читгарии тоҷикон писанд омаданд.