Боздиди Президенти Туркманистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар доираи сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 ноябри соли 2017 аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.
Маросими истиқболи меҳмони олимақом дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона баргузор гардид. Меҳмони олимақомро муовини аввали Сарвазири Ҷумхурии Тоҷикистон – Давлаталӣ Саид, Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон – Шарифзода Абдувалӣ хайрамақдам намуда, ҳамроҳӣ карданд.
Ба меҳмони олимақом аз ҷониби Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ бо забони русӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.
Бояд гуфт, ки дар ошёнаи якуми шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи осорхона диққати меҳмони олимақомро бозёфтҳои ёдгориҳои Тулхори қадим, Ҳахоманишиён, Хазинаи Амударё, Аспи хутталӣ, Тахти сангин ва Панҷакенти қадим бештар ҷалб намуда, оид ба дигар ёдгориҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик низ маълумот дода шуд. Ҳамчунин меҳмони олиқадр ба ҳунари чакандӯзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, Директори осорхона доир ба таърихи чакандӯзӣ иттилоъ дод.
Баъд аз сайри осорхонавӣ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун хотирот таассуроти неки хешро сабт намуд.
Дар охир меҳмони олиқадр оид ба таърихи бойи ду кишвар ва тавъамии онҳо сухан намуда, барои дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани сайри осорхонавӣ ба Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ миннатдории худро баён намуд.