Ташрифи Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) Мартин Чунгонг …
Ташрифи Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) Мартин Чунгонг ба Осорхонаи миллӣ
Санаи 24.05.2026, дар доираи сафари кории хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо сохтору мақомотҳои гуногуни дахлдор ва иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар шаҳри Душанбе, Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) Мартин Чунгонг ва ҳайтаи бонуфузи меҳмонон, баҳри шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро шахсони масъул дар саҳни муассиса истиқбол намуда, онҳоро Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз ҳамроҳӣ намуданд.
Ба меҳмонон дар толорҳои намоишии осорхона сайри осорхонавӣ дар сатҳи баланди касбӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Зимни экскурсия ҳайати меҳмонон бо таъриху тамаддуни бисёрҳазорсола дар асоси ёдгориҳои нодири Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ,ки дар аҳди бостон мардуми бумии Осиёи Миёна, ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён дар он нақши муассир доштанд ва имрӯз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд, аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Ҷаноби Мартин Чунгонг ва ҳайати Иттиҳоди байнипарлумонӣ аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушнудӣ намуда, таассуроташонро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуданд.
Дар охир, ҳамчун рамзи эҳтиром ба меҳмонон феҳристи беҳтарин нигораҳои Осорхонаи миллӣ тақдим карда шуд.








