Дабири кулли САҲА аз Осорхонаи миллӣ дидан намуд

Дабири кулли САҲА аз Осорхонаи миллӣ дидан намуд

 Имрӯз, 20.05.2026, ҳайати бонуфузи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти роҳбарии Дабири кулли САҲА ҷаноби Фаридун Синирлиоғлу дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.

Меҳмононро муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифӣ Алишер Наҷмиддин ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбалад ба онҳо сайри осорхонавӣ дар сатҳи баланди касбӣ баргузор карда шуд.

Ба ин восита, ба меҳмонон таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои машҳури кишвар ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ карда шуданд.

Ҷаноби Фаридун Синирлиоғлу ва ҳайати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносии бештар бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуд.

Дар охир, ҳамчун рамзи эҳтиром ва меҳмондорӣ ба меҳмон феҳристи беҳтарин нигораҳои Осорхонаи миллӣ тақдим карда шуд.