Муовини вазири корҳои хориҷии Русия аз осорхонаи миллӣ дидан намуд

Рӯзи 10.08.2023 муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Юревич Галузин дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.

Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбалад ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Ба ин восита, ба меҳмонон таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат ва саҳми ниёкони тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои машҳури кишвар муаррифӣ карда шуданд.

Михаил Юревич Галузин муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносии бештар бо осори ниёкони тоҷикон изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуд.

Дар охир, ҳамчун рамзи эҳтиром ва меҳмондорӣ ба меҳмон маводи илмии Осорхонаи миллӣ аз қабили китобу маҷаллаҳо тақдим карда шуд.