Боздид генерали покистонӣ аз Осорхонаи Миллӣ

Имрӯз 29.08.2023 Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшод Мирзо дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати хеш аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.

Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбалад ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Ба ин восита, меҳмонон бо мероси ниёкони тоҷикон дар мисоли бозёфтҳои “Асри санг”, “Асри биринҷ”, “Кулолгарӣ,” “Ҳахоманишиҳо”, “Сиккаҳо”, “Юнону Бохтар”, “Кушониён”, “Панҷакенти қадим”, “Мероси хаттӣ” ва толори “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” шинос гардиданд.

Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшод аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта кард.

Дар охир, ҳамчун рамзи эҳтиром ба меҳмон туҳфаҳои хотиравӣ – маводи илмии муассиса тақдим карда шуд.