Мулоқот оид ба баргузории намоиши “Шоҳроҳи …

Мулоқот оид ба баргузории намоиши “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим” дар Осорхонаи Британия

 Имрӯз 17.04.2024 директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо ба таври маҷозӣ (онлайн) бо намояндагони Осорхонаи Британия мулоқот намуд.

Дар мулоқот намояндагони Осорхонаи Британия Линдаси Снук,   доктор Ю-пинг Лук,  Зумрад Илясова – ҳамоҳангсози   лоиҳаи мазкур  ва намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Бахтиёр Муҳаммадҷонов, роҳбари ширкати «Глобалинк» Манучеҳр Қоимов иштирок ва суханронӣ намуданд. Мақсад ва ҳадафи асосии мулоқот дар сатҳи баланди касбӣ ташкил ва баргузор намудани намоиши байналмилалӣ бо номи “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим” мебошад, ки баргузории он моҳи сентябри соли ҷорӣ дар  осорхонаи Британия пешбинӣ гардидааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили бастубанди экспонатҳо тибқи муқарароти осорхонавӣ, интиқоли безарари онҳо ба Британияи Кабир ва баргардонидани онҳо, муҳлати баргузории намоиш, омода намудани раводид, қабули даъватномаҳо ва иштироки ҷониби Тоҷикистон дар намоиш, ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ миёни Осорхонаи миллӣ ва Осорхонаи Британияи Кабир ва дигар паҳлуҳои раванди омодагии хешро ба намоиши мазкур мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо ба чунин хулоса омаданд, ки ёдгориҳои Осорхонаи миллӣ аввали моҳи августи соли ҷорӣ аз ҷониби намоядаи Осорхонави миллӣ ва ширкати Глобалинк ба Осорхонаи Британияи Кабир интиқол хоҳанд ёфт.

Дар охир директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо зикр намуд, ки иштироки Осорхонаи миллӣ дар чунин намоиши сатҳи байналмилалӣ боиси ифтихор ва сарфарозист ва умед аст, ки намоиши байналмилалии “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим” дар фазои сулҳу дӯстӣ баргузор хоҳад гашт.