Боздиди роҳбарони марказҳои илмию таҳлилии …

Боздиди роҳбарони марказҳои илмию таҳлилии Ҷумҳурии Узбекистон аз Осорхонаи миллӣ

 

Рӯзи 12.04.2024 ҳайати васеи роҳбарони марказҳои илмию таҳлилии Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Узбекистон Жавлон Ваҳобов, ки бо мақсади иштирок дар конференсияи муштараки байналмилалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ва Узбекистон: дурнамои нави шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ” дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои муассиса шахсони масъули Осорхонаи миллӣ истиқбол намуда, ташрифи онҳоро ба Осорхонаи миллӣ хайрамақдам намуданд.

Сипас, ба меҳмонон аз ҷониби роҳбалади муассиса дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд. Меҳмонон тавассути боздид аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ ба давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, махсусан бо ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ аз наздик шинос шуданд.

Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Узбекистон Жавлон Ваҳобов аз шиносоӣ бо таъриху тамаддуни кӯҳанбунёди халқи тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ таассуроташонро навишта намуданд.