Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ дар Осорхонаи миллӣ

Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ дар Осорхонаи миллӣ

 Имрӯз 18.04.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Марҳилаи нави рушд, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар кори конфронс муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр, директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо, роҳбарону намояндагони осорхонаҳо, нозирони ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳру ноҳияҳои кишвар, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни конфронси мазкур иштирокчиён роҷеъ ба ҳифзу нигоҳдорӣ, таҳқиқу омӯзиш, тармиму барқарорсозӣ ва муаррифии шоистаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикисон суханронӣ намуданд.

Дар охир ба як қатор намояндагони осорхонаҳо ва нозирони ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар барои саҳми муносиб гузоштан дар ҳифзу нигоҳдошти мероси ниёгон нишони Аълочии фарҳанг ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Пас аз анҷоми конфронси ҷумҳуриявии «Марҳилаи нави рушд, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба иштирокчиён аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуд, ки онҳо ба ин васила бори дигар бо тарз ва усулҳои ҳифзу муаррифии мероси ниёгон аз наздик шинос шуданд.