Меҳмонон дар Осорхона миллӣ

Таърихи 14.04.2017 иштирокчиёни Ниммарафони VIII байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Ба меҳмонон экспонатҳои шуъбаи табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, санъати тасвирӣ ва амалӣ писанд омаданд. Аз ҷониби кормандони ОМТ барои меҳмонон бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ экскурсияҳо гузаронида шуд.