Боздиди пиронсолон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахурон ва маъюбони шаҳри Душанбе, дар таърихи 27.05.2016 ба ифтихори ҷашни 25 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри баланд бардоштани маънавиёт ва болида сохтани хотири 40 нафар пиронсолони танҳо ва маъюб боздиди ройгони онҳоро аз экспозитсияи ОМТ таъмин намуданд. Аз ҷониби роҳбаладон барои меҳмонон эксурсия гузаронида шуд.