Боздиди Марям Имония аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Санаи 9 ноябри соли 2017 Марям Имония ҳамсари Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ меҳмонро бо ҳайаташ дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона истиқбол гирифта, ба онҳо сайри осорхонавӣ гузаронид.
Меҳмонон экспозитсияи толорҳои намоишии осорхонаро бо майлу рағбат тамошо карда, аз таъриху фарҳанги бойи халқи тоҷик воқиф гардиданд. Меҳмонон ба ёдгориҳои Тулхори қадим, Хазинаи Амударё, Меҳроби Искодар ва толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи зиёд намуданд.
Баъд аз анҷоми сайри осорхонавӣ Марям Имония дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон андешаҳояшро қайд намуд.
Дар охир Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба Марям Имония туҳфаи хотиравӣ ҳадя намуд.