Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Осорхона: масъалаҳо ва самтҳои афзалиятноки рушди он дар замони муосир»
Рӯзи 16 майи соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Осорхона: масъалаҳо ва самтҳои афзалиятноки рушди он дар замони муосир» баргузор гардид.
Дар конференсия намояндагони роҳбарият ва кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва директорону кормандони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҳамаи минтақаҳои кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиён нахуст аз намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дидан намуда, бо осори давраҳои пурифтихори миллати тоҷик, ки таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати ниёгонро инъкос менамоянд, боздид намуданд.
Дар конференсия маърӯзачиён мавзӯҳои марбут ба масъалаҳо ва самтҳои афзалиятноки рушди осорхонаҳо дар замони муосирро мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор доданд.
Дар охир миёни иштирокчиёни конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи «Осорхона: масъалаҳо ва самтҳои афзалиятноки рушди он дар замони муосир» муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.
Воқеан, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати дурандешонаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омадаанд, ки инро мо бевосита дар рушди соҳаи осорхонашиносии Тоҷикистон низ мушоҳида менамоем.