Дар Осорхонаи миллӣ чорабинии байналмилалии “Шабе дар Осорхона” баргузор гардид

Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” – яке аз муҳимтарин муассисаҳои фарҳангии кишвар буда, дар ҷодаи фароҳам овардани шароити мусоид баҳри фароғати фарҳангии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе нақши муассир дорад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ пайваста кӯшиш менамоянд, ки намоишу чорабиниҳои шаклан мухталифро ташкил ва баргузор намоянд.

Яке аз чунин чорабиниҳо иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” буда, ҳамасола дар Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо баргузор карда мешавад. Шурӯъ аз соли 1978 дар саросари ҷаҳон 18 май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҷлил гирифта шуда, ҳоло шумораи он кишварҳо ба 150 адад мерасад.

Бояд зикр намуд, ки баргузории чорабинии «Шабе дар Осорхона» бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Германия оғоз гардида, солҳои баъдӣ дар кишварҳои Аврупо ва Амрико доир гардидааст. Дар солҳои охир чорабинии “Шабе дар Осорхона” дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон таҷлил гардида, дар ин шаб бисёре аз осорхонаҳо пас аз ғуруби офтоб то нисфи шаб дарҳои худро барои тамошобинон боз менамоянд.

Мақсади асосии ин иқдом – нишон додани захира, имконот, иқтидори осорхонаҳои муосир ва ҷалби тамошобинон ба осорхонаҳо мебошад.

Ин иқдом бори нахуст дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар соли 2013 баъд аз ифтитоҳи бинои нави он тибқи анъанаи касбӣ баргузор шудааст.

Ҳамзамон Осорхонаи миллӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда, ҳамеша  кӯшиш менамояд, ки барномаҳои солҳои қаблиро иваз намуда, барномаҳои ҷадид ва ҷолибу роҳатбахшро пешниҳоди тамошобинон намояд ва имсол бори нуҳум аст, ки дар Осорхонаи миллӣ ин чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид. Дар доираи чорабинии имрӯза 18 барнома пешниҳоди қишрҳои гуногуни ҷомеа гардонида шуд, ки ҳар як тамошобин имкон пайдо намуд, вобаста ба завқ ва хоҳиши худ барномае пайдо намояд.

Дар ифтитоҳи расмии чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло, намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла зикр карда шуд, ки чорабинии байналмилалии “Шабе дар Осорхона” яке аз муҳимтарин иқдомоте мебошад, ки барои сокинону меҳмонону сайёҳони пойтахти кишвар шароити мусоид барои фароғати фарҳангӣ ба вуҷуд меорад.

Баъд аз ифтитоҳи расмӣ меҳмонон аз барномаҳои гуногуни чорабинии “Шабе дар Осорхона” дидан намуда, бо маҳсули дасти ҳунармандон, дастовардҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар, саҳнаҳои театрикунонидашуда (Абурайҳони Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Восеъ), экспонатҳои зинда (одамони “Асри санг”, “Маликаи Саразм”, Зебунисо, Фотеҳ Ниёзӣ, иштирокчии ҶБВ Назира Умарова), гӯшаҳои сафоратҳои кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе (Россия, Чин, ИМА, Фаронса, Корея, Афғонистон, Туркия, Туркманистон, Фаластин, Қазоқистон, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Озорбойҷон, Покистон), маҳсулотҳои корхонаю ширкатҳои ватанӣ ва дигар барномаҳои фарҳангию фароғатии чорабинӣ шинос гардиданд.

Чорабинии байналмилалии “Шабе дар Осорхона” аз соати 18:00 то 23:00 идома намуда, ҳазорҳо нафар сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе аз барномаҳои гуногуни он дидан намуда, дар баробари фароғати фарҳангӣ бо таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат ва дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гардиданд.

Ҳамчунин яке аз ҳадафҳои дигари иқдоми баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатии чорабинии «Шабе дар Осорхона» дар Осорхонаи миллӣ ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба таъриху фарҳанги кишвар, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавонон маҳсуб меёбад.