Ифтитоҳи намоиши “Ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомони Тоҷикистон” ва баргузории конфронси илмӣ-назарявии “Наврӯз – суннати мондагори ваҳдат

Рӯзи 15.03.2022 дар Осорхонаи миллӣ бо ташаббуси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ХҲДТ ва Шӯрои куҳансолони Тоҷикистон конфронси илмӣ-назарявӣ таҳти унвони “Наврӯз – суннати мондагори ваҳдат аст” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт иштирок намуданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ нахуст аз намоиши омода намудаи Осорхонаи миллӣ дар мавзӯи “Ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомони Тоҷикистон” дидан намуданд, ки дар он 23 – адад асарҳои беҳтарин  рассомони  машҳури кишвар ба намоиш бароварда шудааст. Аз ҷумла офаридаҳои Ҳабибуллоев З. “Наврӯзи солҳои 30-юм”, Шарипов С. “Ғолибони Наврӯз”, Қурбонов С. “Сегонаи баҳорӣ”, Абдураҳмонов И. “Баҳор дар кӯҳсор”, Бекназаров М. “Баҳор”, Боборикин В. “Наврӯз”,  Шарипов Қ. “Бузкашӣ” инчунин 2  лавҳаи кандакорӣ ва 6  лавҳаи наққошӣ, ки дар онҳо манзараҳои баҳору ҷашни Наврӯз инъикос ёфтаанд, ба намоиш гузошта шудаанд.

Пас аз ифтитоҳ ва боздид аз намоиши ҷашнӣ конфронси илмӣ-назарявӣ таҳти унвони “Наврӯз – суннати мондагори ваҳдат аст” ба кори худ оғоз намуд.

Дар конфронс олимону муҳаққиқон ва намояндагони касбу коригуногун мавзӯҳои “Наврӯз – оинни ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ”, “Пешвои миллат – эҳёгари дубораи арзишҳои наврӯзӣ”, “Наврӯз – мероси бебаҳои мост”, “Ҷашни Наврӯз ва фарҳанги наврӯзӣ” ва “Ҷилваи наврӯз дар даврони Истиқлол” маърӯза намуданд.

Наврӯз аз зумраи идҳое мебошад, ки онро мардуми тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамояд. Наврӯзро соли нави мардуми ориёитабор маънидод намуда,  ҳар сол бо муҳаббату самимият пешвоз  мегиранд. Чуноне аз номи он бармеояд, Наврӯз маънии “Рӯзи нав”-ро дошта,  он дар ибтидои соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанину зиндашавии табиат, оғози кишту кор ва айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад.

Хурсандиовар аст, ки ҷашни Наврӯз бо пешниҳоди Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардида, ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба имзо расид. Дар қарорнома омадааст, ки ҳамасола 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” таҷлил карда хоҳад шуд.