Иштироки мутахассисони Осорхонаи миллӣ дар тренинги …

Иштироки мутахассисони Осорхонаи Миллӣ дар тренинги омӯзишии юнеско дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Муҳофизат ва гиромӣ доштани мероси таърихию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда расонидани онҳо вазифаи муҳими ҳар фарди солимфикри ҷомеа аст. Дар ин замина, аз 3 то 6 июни соли ҷорӣ  дар доираи лоиҳаи ЮНЕСКО/ИА «Долонҳои мероси Роҳи Абрешим дар Осиёи Марказӣ – Ҷанбаҳои байналмилалии Соли мероси фарҳангии Аврупо», бо пешниҳоди Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато омӯзиши рушди иқтидори соҳавӣ барои мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Таҳкими иқтидор дар тармими нигораҳои осорхона ва мавзеъҳои таърихии дар Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон” оид ба мероси ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои осорхонавӣ баргузор шуда истодааст, ки дар он мутахассисони шуъбаи тармим ва консерватсияи Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд.

Мақсад аз баргузории ин тренинг баланд бардоштани малака ва маҳорати мутахассисони ҷавон, коршиносон ва кормандони осорхонаҳое мебошад, ки ба тадқиқоти саҳроӣ дар объектҳои мероси ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳифз, тармим ва барқарорсозии арзишҳои бадастомада ҳам дар шароити саҳроӣ ва ҳам дар лабораторӣ машғуланд.

Омӯзиш аз ҷониби коршиносони озмоишгоҳи маъруфи илмию барқарорсозии «Остров Крым (Ҷазираи Қрим)» гузаронида шуда, дар он усулу технологияҳои гуногуни пешрафтаи марбут ба ҳифзи фаврии ашёи археологӣ ва осорхонавӣ фаро гирифта мешаванд.

Тренинг тавассути лексияҳои сатҳи баланди интерактивӣ, машғулиятҳои амалӣ, аз ҷумла кори гурӯҳӣ ва боздидҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, иштироки кормандони байнисоҳавӣ ва бисёрфарҳангӣ муҳити мусоиде фароҳам меорад, ки муошират ва иштироки муассир таъмин гардад. Дар давоми тренинг бо истифода аз захираҳои мавҷуда ва ташаббусҳои дахлдор алоқамандӣ миёни илм ва барқарорсозии ашёҳои осорхонавӣ  омӯхта мешавад.