Боздиди Ван Фенчао аз Осорхонаи миллӣ

Боздиди Ван Фенчао аз Осорхонаи миллӣ

   Имрӯз   28.05.2024  Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Фенчао, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, бо ҳайати ҳамроҳонаш ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд.

Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса истиқбол гирифта, аз ҷониби роҳбалади муассиса бо забони чинӣ ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ аз ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Ҳамин тариқ, Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Фенчао аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта кард.

Дар охир, ҳарду ҷониб ҳамчун рамзи эҳтирому дӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.