Боздиди мудири кулли ЮНЕСКО аз Осорхонаи миллӣ
Боздиди мудири кулли ЮНЕСКО аз Осорхонаи миллӣ
Рӯзи 10.06.2024 Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, бо ҳайати ҳамроҳонаш ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса истиқбол гирифта, аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ аз ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Дар охир, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта кард.