Фаъолияти осорхонаҳо – мушкилот, рушд ва дурнамо

Рӯзи 24.09.2021 дар Осорхонаи миллии Тољикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳлилу баррасии вазъи фаъолияти осорхонаҳои ҷумҳурӣ ва ба талаботи замони муосири соҳаи осорхонашиносӣ мутобиқ сохтани онҳо семинари илмӣ – омӯзишии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Фаъолияти осорхонаҳо – мушкилот, рушд ва дурнамо» баргузор гардид.

Дар семинар роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеъи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханронии хеш зикр намуданд, ки “дар солҳои истиқлоли давлатӣ ба ташкили осорхонаҳо – ҳамчун махзани ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон ва ба намоиш гузоштани онҳо бештар таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Дар робита ба ин, мо ҳамеша хоҳони ҳар чи бештари ҳамкориҳо ва расонидани кумакҳои илмӣ–методӣ ва мубодилаи таҷриба бо осорхонаҳои кишвар ҳастем. Бояд мо ҳама якҷо барои бартараф намудани мушкилиҳои соҳа кушиш намоем. Ҳарчи бештар дар иҷрои рисолати касбии худ – нигоҳдорӣ ва муаррифии ёдгориҳои пурарзиши таърихӣ саҳмгузор бошем”.

Инчунин роҳбарияти осорхона пешниҳод намуданд, ки:

  1. Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи имкониятҳои мавҷуда, кушиш менамояд, ки ба осорхонаҳои кишвар ҳамеша кумакҳои илмӣ – методӣ расонад.
  2. Ҳоло мо имконият дорем, ки мақолаҳои таҳиянамудаи кормандони осорхонаҳои кишварро дар шумораҳои ахбори Осорхонаи миллӣ ба таври ройгон нашр намоем.
  3. Ҳамзамон мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳаммуаллифӣ брашура, буклету роҳнамо ва ҳар маводи чопие, ки марбути фаъолияти осорхонаҳои кишвар аст, аз ҳисоби Осорхонаи миллӣ маблағгузорӣ ва нашр намоем.
  4. Дар самти тармим ва таҳкими нигораҳо низ мо метавонем, кумакҳои худро ба осорхонаҳои кишвар расонем. Ҳар экспонати муҳими таърихӣ, ки ба тармиму таҳким ниёз дорад, метавонед ба таври расмӣ барои тармим ба мо муроҷиат намоед.
  5. Ҳоло дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 6 нафар докторони илм, 5 нафар номзадҳои илм фаъолият доранд. Яъне, як патенсиали хуби илмӣ дар Осорхонаи миллӣ мавҷуд аст. Шумо метавонед барои муайян намудани давраҳои таърихии экспонатҳои осорхонаҳои худ ё бозёфтҳои тасодуфӣ ба мо расман муроҷиат намоед.
  6. Ҳамзамон осорхонаҳои қаламрави ҷумҳурӣ метавонанд, ба таври ройгон дар фурсатҳои муносиб намоишҳои муввақатии ашёи таърихӣ, санъати тасвирии коллексияи осорхонаҳои худро дар пойтахти кишвар дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ ташкил, ифтитоҳ ва манзури меҳмонони пойтахт гардонанд.
  7. Дар самти ташкили намоишҳои сайёр мо таҷрибаи хуб дорем ва ҳамасола аз ҳисоби коллексияҳои муайяни Осорхонаи миллӣ намоишҳои муввақатиро дар гушаҳои гуногуни кишвар ташкил ва баргузор менамоем.

Воқеан, дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили осорхонаҳо – ҳамчун махзани ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон ва ба намоиш гузоштани онҳо бештар таваҷҷӯҳ зоҳир гардида, самтҳои асосии фаъолияти осорхонаҳо муайян гардидаанд. Инчунин нақш  ва  мақоми  онҳо ҳамчун марказҳои илмӣ-фарҳангӣ баҳри  нигоҳдорӣ, таҳқиқу омӯзиш ва таблиғи арзишҳои фарҳангӣ дар ҷомеа баланд бардошта шуд.

Дар кори семинар доираи васеи муҳаққиқону осорхонашиносон ва намояндагони ҳама осорхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуда, дар мавзӯҳои зарурати ҷамъоварӣ ва ҳифзи ашёи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ дар осорхонаҳо, фаъолияти фондӣ ва хусусиятҳои мукаммалгардонии он, аҳаммияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар фаъолияти осорхонаҳо ва нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ маърӯзаҳои илмӣ ироа гардиданд.

Дар охири семинар оид ба мушкилот, рушд ва дурнамои фаъолияти осорхонаҳои ҷумҳурӣ миёни иштирокчиёни семинар муњокима ва табодули афкор сурат гирифт.

Аз ҷониби намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони фаъоли Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо нишони “Аълочии фарҳанг” ва “Ифтихорнома”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин иштирокчиёни семинар аз толорҳои намоишии чор шуъбаи экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти осорхонаи марказии кишвар аз наздик шинос гардиданд.