Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Санъати ороишӣ дар фазои ИДМ” 26.10.2021

Рӯзи 26.10.2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Санъати ороишӣ дар фазои ИДМ” дар доираи барномаи байналмилалии «Мероси Иттиҳод. Анъанаҳо барои оянда» доир гардида, дар кори он намояндагони осорхонаҳо, донишгоҳҳо, иттифоқҳои рассомон ва дигар муассисаҳои фарҳангии кишварҳои Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озорбойҷон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар ифтитоҳи конференсия зикр намуд, ки “бешубҳа, дар ҷаҳони муосир осорхонаҳо дар ҳалли масъалаи ҳифз ва эҳёи анъанаҳои фарҳангии ҳар як миллати алоҳида ҷои махсусро ишғол мекунанд. Чунки онҳо натанҳо махзани мероси моддию маънавии ниёгони мардуми ин ё он минтақа мебошанд, балки онҳо ба доираи васеъи тамошобинон нигаронида шудаанд”.

Имрӯз «Мероси Иттиҳод. Анъанаҳо барои оянда» ягона барномаи осорхонавӣ дар миёни кишварҳои узви ИДМ мебошад, ки чунин доираи васеи фаъолиятҳоро фаро мегирад. Он даҳҳо муассисаҳои фарҳангӣ, садҳо мутахассисони соҳаҳои осорхона, эҷодӣ, маориф, инчунин рассомон, дизайнерон, муаллимон ва дар умум доираи васеъро бо ҳам гирд овардааст.

Намоишҳо, конфронсҳо, нашрияҳои барномаи мазкур ба омӯзиши решаҳои фарҳанги халқҳои фазои Авруосиё ва доираи васеи шунавандагон нигаронида шуда, ба ҳамин хотир, ба намояндагони миллату халқиятҳо ва бинандагони синну сол ва сатҳи маълумоташон гуногун наздик ва фаҳмо мебошанд.

Барои рушди осорхонаҳо дар фазои ИДМ барнома аҳамияти хоса дошта, он ба паҳн кардани усулҳо, донишҳои коршиносон ва ҳалли амалӣ мусоидат карда, мубодилаи намоишҳоро инкишоф медиҳаду фаъолияти тадқиқотӣ ва таълимиро ҳавасманд мекунад. Дар давоми ин солҳо барномаи мазкур садҳо мутахассисонро аз тамоми кишварҳои ИДМ муттаҳид кардааст.

Барномаи бардавоми маҷмаавии «Мероси Иттиҳод. Анъанаҳо барои оянда» аз соли 2014 инҷониб бо ташаббуси Осорхонаи умумирусиягии санъати ороишӣ баргузор карда мешавад.

Конфернесияи байналмилалии “Санъати ороишӣ дар фазои ИДМ” то рӯзи 29.10.2021 идома ёфта, умед аст, ки фикру мулоҳизаҳо ва таклифҳои дар он баёншаванда дар кори амалии осорхонаҳо манфиатнок хоҳад буд.