Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии «бостоншинос»
Дар ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки Иброҳимзода Зафаршо – директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, Ҳабибзода Зоир Иззат – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Ҷумахон Ҷӯрахонзода – муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ доир гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлис Иброҳимзода Зафаршо ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод намуда, қайд кард, ки ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос” дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва қарорҳои сохторҳои болоии ҳизб корҳои назаррасеро анҷом доданд.
Ҳамчунин Фирдавси Абдулҳамид – сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарин, Кенҷаев Фаридун – сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” низ оид ба ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос” дар давраи ҳисоботӣ суханронӣ намуда, нақши аъзоёни ташкилоти ибтидоиро дар татбиқ намудани барномаҳои марбут ба соҳаи фарҳанги ҲХДТ муассир арзёбӣ намуданд.
Тибқи рӯзномаи дуюми маҷлис аз ҷониби аъзоёни ҳизб Иброҳимзода Зафаршо – директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” раиси нави ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос” интихоб гардид.
Ҳамзамон муовини ӯ ва 5 нафар вакил ба конференсияи ноҳиявии ҳизбӣ интихоб шуданд.
Сипас Ҳабибзода Зоир Иззат – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ зикр намуд, ки ҲХДТ дар тули фаъолияти худ дар кишвар ба сифати як ҳизби пешоҳанги ҷомеа масъулияти олии ватансозиро бар зимма дошта, бо ҷалби ҳама аъзо ва ҷонибдоронаш идеологияи миллиро бунёд ва тарғиб менамояд. Дар доираи барномаҳои созандаи ҲХДТ самтҳои муҳими хоҷагии халқи кишвар рушд ёфта, сатҳи некуаҳолии мардум боло рафта истодааст.
Дар идома Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлолият, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо ҳамсафону аъзоёни ташкилот изҳори нутқ кард. Аз ҷумла, зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди наврасону ҷавонон тарғиб ва ҳифз карда шаванд.
Ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг мероси ниёгон, инчунин, тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хусус ҳамсафони мост.
Дар охир ба як гуруҳ аъзоёни фаъоли ташкилот, ки аъзои ҲХДТ буда, дар корҳои ҷамъиятию ташкилӣ фаъолона иштирок менамоянд, сипоснома супорида шуд.