Конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – ситораи дурахшони Шарқ»

Рӯзи 28.09.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба ифтихори бузургдошти «Рӯзи Мавлоно» конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – ситораи дурахшони Шарқ» баргузор гардид.

Дар кори конференсия олимону муҳаққиқони ватанӣ, махсусан мавлоношиносони машҳури кишвар аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии ифтитоҳии худ иброз намуд, ки дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гиромидошти шахсиятҳои баруманди ниёкон аз ҷумла, шоирону нависандагони халқи тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар ин амал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши хеле муассир доранд.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз нобеғагони назми классикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун шахсияти беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Саҳми эшон ҳамчун ориф ва адиби тоҷик дар омӯзиш ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ басо муҳим ва назаррас мебошад. Аз ин рӯ, дар кори конференсияи илмӣ-назарявӣ аз ҷониби олимону муҳаққиқон мавзӯъҳои зерин: “Нақши муассири таълимоти силсилаи Кубравия дар ҷаҳонбинӣ ва инқилоби фикрии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”, “Мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар адабиёти тоҷик”, “Рози мондагори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”, “Мавлоно – мураббии башарият”, “Мавлоно ва ахлоқи ҷомеаи муосир”, “Ҷилваҳои сулҳу башардӯстӣ дар ашъори Зуҳурии Туршезӣ ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”, “Қадимтарин нусхаҳои дастнависи “Маснавии Маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Осорхонаи миллӣ” мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар охир миёни иштирокчиёни конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – ситораи дурахшони Шарқ» муњокима ва табодули афкор сурат гирифт.

Фаридун Кенҷаев Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллӣ