Меҳнати бисёрсолаи бенуқсон қадр карда шуд
Дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармутахассиси шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Ҳалимов Хол Сайфуддинович барои дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ва хизмати намунавии давлатӣ бо “РАҲМАТНОМА”-и Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Ба ин муносибат дар Осорхонаи миллӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, зимни он директор Иброҳимзода Зафаршо кормандон ва дар симои онҳо тамоми мардуми тоҷикро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, аз комёбиҳои кишвар дар давоми 32-соли соҳибихтиёрӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуд.
Воқеъан, дар арафаи ҷашнҳо бо мукофотҳо сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони осорхонаҳо нишони қадршиносӣ мебошад.