Кумак ба ниёзмандон дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ

Хайру сахо ва кумак ба ашхоси ниёзманд беҳтарин амали ниёгон ба ҳисоб рафта, дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар робита ба ин, дар арафаи 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо ҷиҳати ғамхорӣ зоҳир намудан ба ниёзмандон ба яке аз ятимхонаҳои шаҳри Душанбе кумаки моддии якдафъаина расонида шуд.

Кумак аз маводи ғизоӣ ба монанди орд, равған, биринҷ, сабзӣ, картошка ва пиёз иборат буда, баҳри дастгирӣ ва беҳтар шудани шароити зисти ин гурӯҳи ниёзмандон роҳандозӣ гардидааст.