Баргузории иқдомоти байналмилалии “Шабе дар осорхона – 2026” дар Осорхонаи миллӣ

Баргузории иқдомоти байналмилалии “Шабе дар осорхона – 2026” дар Осорхонаи миллӣ


Рӯзи 18.05.2026 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона – 2026” баргузор гардид.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии чорабинӣ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мудири бахши Раёсати маориф, фарханг ва иттиллооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло Зувайд муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толибҷон, профессори Иниститути антропологияи  эволютсионии ба  номи   Макс  Планк (Олмон) Айнаш Чилдибаева, директори ширкати Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Алиф Бонк” – Гуланор Атобек ва намояндаи ҶДММ «Тадж Моторс» Кибриё Ишан Хоҷаева роҷеъ ба таърих ва аҳамияти чорабинии “Шабе дар Осорхона” суханронӣ намуда, ҳамагонро бо Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо табрику таҳният гуфтанд.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур сафирон ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ИМА, Чумҳурии Исломии Эрон, Туркманистон, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Куриёи Ҷанубӣ, Фаластин, Покистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷопон, Афғонистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сарпарастони чорабинӣ, намояндагони ВАО-и кишвар ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.

Имсол маротибаи 13-ум аст, ки иқдомоти байналмилалии “Шабе дар Осорхона”-ро барои тамошобинони ватаниву хориҷӣ ва тамоми дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ дар сатҳи баланди касбию эҷодӣ баргузор намуд. Дар доираи ин иқдом дар роҳравҳо ва толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ 35 намоишҳо ва маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ, аз қабили: саҳнаҳои театрӣ “Борбади Марвазӣ – абармарди созу наво”, ба ифтихори ворид намудани номи Борбарди Марвазӣ ба феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО, “Робияи Балхӣ – нахустин зани соҳибдевони тоҷик”, ба ифтихори бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ, “Шукӯҳи Кушониён ва ҳикмати хонум Сагкин”, маҳфили адабӣ-бадеӣ “Мирзо Турсунзода – шоири сулҳу ваҳдат ва мубаллиғи дӯстии халқҳо”, ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, озмуни зеҳнӣ “Миллати соҳибтамаддун: 35 гоми сарнавиштсоз”, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, барномаҳои рушди зеҳнӣ: кроссворду филворд, “Муколамаи инсон ва зеҳни сунъӣ” – тавассути робот, бахшида ба рушди технологияҳои рақамӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ, викторинаҳову саволномаҳо бо тақдими тӯҳфаҳои хотиравӣ, инчунин шоу маҳфили кӯдакона COSMOLAND, навозиши дилнишини сози қонун аз ҷониби мутрибаи ҷавон Гулҷаҳон Илҳомӣ, дарсҳои устод-шогирд аз қабили ҳунари тармимгарӣ, дарсҳои амалӣ, аз қабили “Ҳунари ҷуроббофии бадахшонӣ, “Санъати кундалнигорӣ”, “Ҳунари гулдӯзии тоҷикон”, “Ҳунари зардӯзии тоҷикон”, “Аз бозёфт то экспонат”, намоиши асарҳои асосгузори мактаби рассомии Тоҷикистон Абдулло Ашуров, намоиши дастовардҳои илмӣ ва бостоншиносии Осорхонаи миллӣ, намоиши ширкатҳои сайёҳии кишвар, намоиши асарҳои тармимшуда таҳти унвони “Дидор”, намоиши сафоратхонаҳои хориҷи кишвар,  “Сайре дар олами пиряхҳо тавассути айнакҳои 3D”, маҳфили фарҳангии “Шоҳномахонӣ” ва дигар намоишҳое, ки дар маҷмӯъ таҷассумгари таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик мебошанд, пешниҳод намуд.

Инчунин, дар қисмати намои берунии бинои муассиса тавассути экрани калонҳаҷм филме, ки аз дастовардҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол қисса мекунад, пешкаши ҳамагон гардонида шуда, дар саҳни ҳавлии муассиса бошад барои фароғати фарҳангии сокинони кишвар консерти ҷашнии сарояндагон таҳти унвони “Нури Истиқлол” баргузор гардид.

Ҳамин тариқ, иқдомоти байналмилалии “Шабе дар Осорхона – 2026” дар фазои сулҳу субот ва дӯстиву якдилӣ пешкаши 15980 нафар сокинони фарҳангдӯсти кишвар ва сайёҳони хориҷӣ гардид.