Боздиди Абдулазиз ал – Мусаллам аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Субҳи 24.04.2018 Раиси Департаменти фарҳангии Ҳукумати Аморати Шарҷа, Президенти Институти Шарҷа оид ба мерос ҷаноби Абдулазиз ал-Мусаллам баҳри шиносоӣ аз таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона директори Осорхонаи миллӣ муҳтарам Шарифзода Абдувалӣ ва дигар шахсони масъул қабул намуданд. Меҳмонон тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхона бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз низдик шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки диққати меҳмононро бештар диорамаи «Асри санг», толори «Сосониён», гушаи «Фарҳанги исломӣ» бо дастхату китобҳои нодир, машҳуртарин ёдгории таърихии халқи тоҷик – «Меҳроби Искодар», инчунин «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба худ ҷалб намуд.

Пас аз тамошои Осорхона, меҳмонон оиди таъриху фарҳанги халқи тоҷик таассуроти амиқ бардошта, сипас дар фазои сулҳу дустӣ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон муҳтарам Шарифзода Абдувалӣ бо Раиси Департаменти фарҳангии Ҳукумати Аморати Шарҷа ҷаноби Абдулазиз ал-Мусаллам мулоқот доир карданд. Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла таҳкими равобити фарҳангӣ, табодули таҷрибаи осорхонавӣ, тармиму таҳкими китобу дастхатҳои нодир, таҳия ва чоп намудани феҳристи ёдгориҳои нодири Осорхона бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ, ташкил ва баргузор намудани намоишҳои муваққатӣ дар ҳар ҳарду кишвар, тарбия намуднаи мутахассисон дар соҳаи тармиму консерватсия ва ғайр изҳори назар карданд.

Пас аз анҷоми мулоқот Раиси Департаменти фарҳангии Ҳукумати Аморати Шарҷа ҷаноби Абдулазиз ал-Мусаллам ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро қайд намуд.