Боздиди нафақахӯрону маъюбон аз Осорхонаи миллӣ
Боздиди нафақахӯрону маъюбон аз Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 21.11.2023 дар доираи нақаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 нафар бошандагону истифодабарандагони Муассисаи давлатии “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе” аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.
Меҳмононро шахсони масъул дар саҳни Муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбаладон ба онҳо сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуданд.
Ба ин восита, ин қишри ҷомеа бо мероси ниёкони тоҷикон дар мисоли бозёфтҳои нодир шинос шуда, аз таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат, саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ва табиати зебои кишвар огоҳии бештар пайдо намуданд.
Меҳмонон аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ба роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ҷиҳати пазироии самимӣ ва муаррифии шоистаи осори ниёгон изҳори сипос намуданд.