ХУШХАБАР Ишғоли ҷои ифтихорӣ дар номинатсияи …
ХУШХАБАР Ишғоли ҷои ифтихорӣ дар номинатсияи “Беҳтарин роҳбалад”
Дар ҳошияи таҷлили 29-умин солгарди Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни “Беҳтарин субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, натиҷагирӣ карда шуд.
Озмун аз рӯи 5 номинатсия: “Беҳтарин ширкати сайёҳӣ”, “Беҳтарин меҳмонхона”, “Беҳтарин тарабхона”, “Сомонаи беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ” ва “Беҳтарин роҳбалад” ташкил ва баргузор гардид.
Дар натиҷаи баҳогузории аъзоёни комиссияи Озмуни “Беҳтарин субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сармутахассиси шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Забирова Раҷабгул Юсуфалиевна дар номинатсияи “Беҳтарин роҳбалад” соҳиби ҷойи дуюм гардида, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин озмунҳо барои ҳавасмандии субъектони хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар саҳми муносиб мегузорад.