Варзиш гарави саломатӣ

ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТӢ

Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандон мусобиқаи футболи хурд баргузор карда шуд. Дар ин мусобиқа 5 даста байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуда, дар натиҷа ҷойҳои ифтихорӣ муайян карда шуд.

Имрӯз дар ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ба беҳтаринҳо ифтихорнома ва мукофотпулӣ тақдим карда шуд:

  • Беҳтарин дарвозабон – Холмуродов Дилшод
  • Беҳтарин бозингар – Файзов Комрон
  • Беҳтарин мухлис – Ҳисайнов Раҷабалӣ

Инчунин ҷиҳати иштироки фаъол дар мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони Осорхонаи миллӣ дастаҳои “Муҳандис” ва “Сайёҳ” бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир ба дастаҳои ғолиби мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони Осорхонаи миллӣ ифтихорнома, мукофотпулӣ ва ҷоми Иттифоқи касабаи Осорхонаи миллӣ тақдим карда шуд:

  • Ҷойи сеюм (насиби дастаи) – Эҳё
  • Ҷойи дуюм (насиби дастаи) – Саразм
  • Ҷойи якум (насиби дастаи) – Пешоҳанг

Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот ва омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин, директори Муассиса дастур доданд, ки минбаъд низ бозиҳои гуногуни варзишӣ миёни кормандон роҳандозӣ карда шавад.