Ғолибони озмун муайян шуданд

Ғолибони озмун муайян шуданд

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори “18-уми апрел – Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақола дар мавзуи “Ҳифзи мероси таърихӣ -вазифаи ҳар яки мост!” миёни шаҳрвандони касбу кори гуногун эълон гардида буд.

Озмуни мазкур имрӯз 18.04.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи роҳбарону намояндагони осорхонаҳо ва нозирони ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷамъбаст гардид.

Хушбахтона, дар натиҷаи баҳогузории комиссияи босалоҳияти озмун ду нафар кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зарипов Алишер – сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмӣ ва Юсупова Мадина – мутахассиси шуъбаи экскурсионӣ-оммавии муассиса бо пешниҳоди мақолаҳои илмӣ сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.

Ғолибон бо Дипломҳои дараҷаи II ва III – и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

 Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар фаъолияти минбаъдаи ғолибони озмун муваффақияту комёбиҳо таманно доранд.