Ҷаласаи умумии солона

23.01.2021 дар толори маҷлисгоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарият ва кулли кормандони муассиса ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021 доир гардид.

Ҷаласаро директори МД ОМТ муҳтарам Ибодуллозода А. И. ифтитоҳ бахшида, дар бораи фаъолияти умумии муассиса, бахусус доир ба корҳои оммавӣ-маърифатӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, намоишӣ-экспозитсионӣ, фондӣ ва ҷамъоварӣ гузориши таҳлилиро бо далелҳои мушаххас манзури аҳли нишаст намуд. Қайд гардид, ки дар соли 2020 Осорхонаи миллии Тоҷикистон новобаста аз мушкилиҳои баамаломада, ба як қатор пешравиҳо ноил гардид. Дар соли 2020 портали сайёҳии ТурСтат Осорхонаи миллии Тоҷикистонро ба қатори 10 осорхонаи беҳтарини ИДМ шомил намуд. Инчунин аз ҷониби сомонаи сайёҳии «Трайп Эдвайзер» дар бахши ҷойҳои тамошобоби шаҳри Душанбе Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷоизаи «Интихоби сайёҳон» дар соли 2020-ро соҳиб гардид.

Дар ин давра 40808 нафар тамошобинон аз толорњои экспозитсионии муассиса дидан намуданд, ки аз ин шумора 568 нафарро тамошобинони хориљї ташкил медиҳад. Бинобар сабаби паҳн шудани бемории сироятии COVID-19 таносуби шумораи тамошобинон дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 ба миқдори 72023 нафар коҳиш ёфтааст.

Осорхонаи миллӣ барои ташвиқу тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ ва дастовардҳои замони Истиқлол дар байни осорхонаҳои Осиёи Миёна нахустин шуда, баргузории экскурсияҳои виртуалиро амалӣ намуд.

Дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии муассиса ҷиҳати тарғибу ташвиқи мероси таърихию фарҳангии ниёгон ва ҷалби ҷавонон ба тамошои ин ганҷинаи илмӣ-фарҳангӣ дар барномаҳои гуногуни радио ва телевизионҳои ҷумҳурӣ беш аз 70 мусоҳиба ва гузоришҳо ба тамошобинону шунавандаҳо пешкаш гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони илмии муассиса бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ, хитоӣ, ҳиндӣ ва урду ба 5110 нафар тамошобин 1032 экскурсияҳои анъанавӣ доир намудаанд. Гузашта аз ин, дар барномаи “Сайри осорхона”-и телевизиони “Сафина” 7 сайри телевизиониро пешниҳоди тамошобинон гардониданд.

Дар соли 2020 бо ибтикори  роҳбарият ва кормандони илмӣ дар муассиса 9 намоишу чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид, ки гардиши ашёи фондӣ дар ин ҳамоишҳо 4390 ададро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар ин давра фонди муассиса бо 844 адад осори таърихию фарҳангии аҳамияти осорхонавидошта мукаммал гардид, ки аз ин миқдор 441 адад харидорӣ, 252 адад туҳфа ва 151 адад тавассути экспедитсия ворид шудаанд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти кормандони муассисаро фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ташкил медиҳад, ки дар ин самт 2 адад рисолаҳои илмии кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон: Шарифзода А. Қ. ва Нурматзода Ҳ. барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми таърих дар Шӯрои диссертатсионӣ дифоъ гардида, аз ҷониби дигар кормандони илмии муассиса 30 адад мақолаҳои илмӣ нашр гардидааст.

Ҳамзамон Ибодуллозода А. И. қайд намуд, ки давоми як сол аз ҷониби кормандони илмии муассиса ба нашр расидани 30 адад мақолаҳои илмӣ нишондоди кам аст. Кормандони шуъбаҳои илмӣ бояд ба навиштани шиносномаи илмии экспонатҳо, монография, дастурамал ва мақолаҳои мухталифи илмӣ ва мавзӯи махсуси кори илмӣ сару кор дошта бошанд. Инчунин директори муассиса зикр намуд, ки дар соли 2021 барои ҳимояи рисолаҳои кормандон мукофоти пулӣ ҷудо карда мешавад. Барои рисолаи номзадӣ 5 000 сомонӣ ва барои рисолаи докторӣ 10 000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус ҷудо мегардад.

Соли сипаригардида аз ҷониби кормандони шуъбаи тармим ва консерватсия 42 адад мусаввара тармим, 103 асари санъати тасвирӣ ва 1768 сикка тавассути маҳлули кимиёвӣ тоза ва қисман мустаҳкам гардид. Ҳамзамон 5 адад китоб тармим ва таҳким карда шуданд. Инчунин 26 адад экспонат тармим ва таҳким карда шуда, барои 170 адад хӯса корҳои профилактикӣ доир гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассиса 7 ҷаласаи Шӯрои реставратсионӣ ва 7 ҷаласаи Шӯрои илмӣ доир гардид, ки дар онҳо масъалаҳои тармиму консерватсияи ашёи осорхонавӣ ва маводи илмии таҳия намудаи кормандони муассиса баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа чанде аз кормандони муассиса, ки дар муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллӣ саҳми назаррас доштанд, бо “Ифтихорнома”-и МД ОМТ сарфароз гардонида шуданд.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш ва конфронси илмӣ дар мавзӯи «Мисгарӣ – бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ» баргузор гардид.

Дар намоиш ва конфронси илмии мазкур директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яқубов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Усмонзода ва дигар утодон аз Донигоҳи миллии Тоҷикистон, инчунин аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳи намоиши мазкур директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуданд, ки “Миллати тоҷик чун миллати ҳунарманду тамаддунофар аз давраҳои қадим аз тамоми асрори табиат бохабар буда, дар офаридану сохтани воситаҳои рӯзғордорӣ қудрати бузурги ҳунармандӣ доштанд”.

Дар ин намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 400 адад зарфҳои мисии мунаққаш аз қабили лаълӣ, табақ, чойник, офтоба, кӯза, коса, обгир, рангдон, зермон, дастшӯй, обрез, шамъдон ва дигар намудҳои ҳунари мисгарӣ марбут ба давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик ба маъраз гузошта шудаанд. Осори ба намоишгузошташуда бори нахуст буда, дорои аҳамияти муҳими таърихӣ буда, далолат аз он мекунанд, ки миллати тамаддунофари тоҷик аз қарнҳои дури таърих пешаи ҳунармандӣ доштаанд.

Дар як гӯшаи намоиш аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба иштирокчиёни раванди мавриди тармиму таҳким қарор гирифтани сиккаҳо ва дигар зарфҳои мисӣ нишон дода шуд.

Мисгарӣ яке аз касбҳои маъмули тоҷикон буда, нақшу нигори зарфҳои мисӣ таҷассумгари олами зебою рангини ҳунари тоҷикон мебошад, ки дар онҳо роз ва рамзи таъриху фарҳанги гузаштаи дурахшони ниёгон нуҳуфтааст.

Дар кори конфронси илмӣ доираи васеъи олимон, муаррихон, коршиносон ва донишҷӯён иштирок намуда, доир ба таърих ва паҳлуҳои гуногуни мисгарии халқи тоҷик андешаронӣ намуданд.

Намоиши «Мисгарӣ – бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ» аз 5 апрел то аввали моҳи майи соли 2021 идома ёфта, сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз намоиш дидан намуда, оид ба таърихи мисгарӣ маълумоти пурра гиранд.