“Интихоби мо – Пешвои миллат” таҳти ин унвон ҳамоиши осорхонашиносони ҷавони Тоҷикистон доир гарид
Рӯзи 08.10.2020 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” ҳамоиши осорхонашиносони ҷавони Тоҷикистон таҳти унвони “Интихоби мо – Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияту кормандони МД “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш муовини якуми директори МД “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” Иброҳимзода Зафаршо зикр намуд, ки ҳамоиши осорхонашиносони мамалакат иқдоми хело муҳим ва саривақтӣ мебошад. Зеро дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бевосита таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, инчунин фарҳангу ҳунар махсусан соҳаи осорхонашиносӣ ба рушди устувор ва дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Сипас муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ оид ба дастоварҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳанги тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Инчунин осорхонашиносони ҷавони мамлакат ба сухан баромада зикр намуданд, ки мо кормандони ҷавони соҳаи осорхонашиносии Тоҷикистон чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби мардонагиву ҷасорат, ватандӯстиву сарсупурдагӣ ва садоқати ин шахсияти беназир дарси ибрат гирифта, кушиш менамоем, рисолати касби худро содиқона ба иҷро расонем.
Дар фарҷоми ҳамоиш изҳорот аз номи тамоми кормандони ҷавони соҳаи осорхонашиносии ҷумҳурӣ дар ҳамовозӣ аз муроҷиатномаи вакилони анҷумани 14-уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзади пешниҳоднамудаи Иттифоқҳои қасабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи дар пешистода ҳамчун номзади арзандаву беназир дастгирӣ намуданд.