Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 – уми январи соли 2021, аз тариқи шабакаи телевизионии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати роҳбарият ва кормандони илмии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” дастаҷамъона тамошо намуданд.

Масъалаҳои дар Паём дарҷшуда дастуру роҳнамои кормандони Муассиса буда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ равона карда мешавад. Пешвои миллат дар қатори дигар масъалаҳо, инчунин таъкид намуданд, ки “Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад”.