Боздиди Вазири фарҳанги Федератсияи Россия аз Осорхонаи миллӣ
Боздиди Вазири фарҳанги Федератсияи Россия аз Осорхонаи миллӣ
Имрӯз, 26.05.2026, Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Любимова Олга Борисовна дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса истиқбол гирифта, гурӯҳи меҳмононро ҳайати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва намояндагони сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.
Ба меҳмонон дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил ва баргузор карда шуда, тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ Вазири фарҳанги Федератсияи Россия ва ҳайати ҳамроҳонаш бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Дар рафти боздид меҳмонон, ҳамзамон аз толори намоишии шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо намоишҳои муваққатии ин шуъба ба монанди намоиши асарҳои устоди мактаби мусаввирии тоҷик Абдулло Ашуров, намоиши мусаввараҳои тармимгардида таҳти унвони “Дидор”, намоиши асарҳои Сӯҳроб Қурбонов таҳти унвони “Меандешам, пас ҳастам” ва дигар шоҳкориҳои мусаввирони барҷастаи тоҷик аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар охир, Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Любимова Олга Борисовна аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта кард.
Дар охир, ҳарду ҷониб ҳамчун рамзи эҳтирому дӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.













