Нахустнамоиши Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия
Нахустнамоиши Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия
Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бори нахуст санаи 20 октябри соли 2026 дар Осорхонаи тамаддуни Рими Ҷумҳурии Италия намоиши байналмилалии таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир”-ро баргузор менамояд.
Дар намоиш шоҳкориҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон аз ёдгориҳои машҳури бостоншиносӣ ва меъморӣ, аз ҷумла Тахти Сангин, Панҷакенти қадим, дайри буддоии Аҷинатеппа, инчунин дигар маконҳои таърихии кишвар ба маърази тамошобинон гузошта мешаванд.
Даврабандии таърихии ашёи пешниҳодшаванда аз асри VI то мелод то асри ХХ мелодиро дар бар гирифта, марҳилаҳои муҳими ташаккул ва рушди тамаддуни тоҷиконро инъикос менамояд.
Ҳадафи асосии баргузории намоиш муаррифии таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва дастовардҳои тамаддунии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия, инчунин ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон мебошад.
Ин намоиш барои меҳмонон ва дӯстдорони таъриху фарҳанг имконияти нодир фароҳам меорад, то бо намунаҳои арзишманди мероси моддии Тоҷикистон, ки бозгӯи таърихи бисёрҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд, аз наздик ошно гарданд.
