Баргузории Конфронси илмӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ»

Рӯзи 27.08.2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид.

Дар кори конфронс роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералиев Раҳмоналӣ ва дигарон иштирок ва маърӯза намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода конфронсро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки “тоҷикон маҳз бо шарофати Истиқлол дар маҷрои таърих дигарбора соҳиби давлати мустақили худ шуда, бо шарофати он дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла фаъолияти осорхонаҳо ба комёбиҳо мушараф гардиданд”.

Дар идомаи конфронс иштирокчиён дар мавзӯҳои “Дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Пешвои миллат – наҷотбахши Истиқлол”, “Назари иҷмолӣ ба дастовардҳои фарҳангии даврони Истиқлол”, “Аз таърихи ташаккулёбии коллексияи мероси хаттӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, “Рушди соҳаи осорхонашиносӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон” маърӯза намуданд.

Бояд зикр намуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолият Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, бинои нави он бо талаботи осорхонаҳои муосир сохта шудааст. Дар давоми 30-соли Истиқлол Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои фаъолияти хеш ба комёбиҳо ноил гардида, дар ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ, тармиму таҳким ва муаррифии осори гаронарзиши ба мерос мондаи ниёгони миллати тоҷик саҳми назарраси хешро гузоштааст.

Дар ин давра Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар самти тарбия намудани аҳли ҷомеъ, махсусан ҷавонон баҳри огоҳ будан аз дирӯзу имрӯзи миллати хеш, аз ҷумла таърих, фарҳанг, ҳунарҳои мардумии ниёгон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар нақши муҳим бозидааст.

Дар хотимаи чорабинӣ аз ҳисоби иттифоқи касаба ва суратҳисоби махсуси Муассиса бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳи кормандони ҳайати техникӣ ва хоҷагидории Осорхонаи миллии Тоҷикистон кӯмаки молии якдафъаина расонида шуд.

Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон бо нишони ифтихори “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.

Зимнан аз ҷониби намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипосномаи Шӯроҳои амрикоӣ оид ба таълими байналмилалии Маркази корҳои таълим ва фарҳанги Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои саҳми назаррас гузоштан дар барномаи тобистонаи маҷозии забони тоҷикӣ дар соли 2021, ки барои ҷавонон ҷиҳати омӯзиши забон дар хориҷ баргузор гардид, бадиректори  Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода тақдим карда шуд.

Маврид ба зикр мебошад, ки рӯзи 26 июли соли ҷорӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи фаъолияти осорхонаҳои кишвар сайри осорхонавиро бо тариқи пахши мустақим баргузор намуд.

Яъне, як гурӯҳи муҳассилини забони тоҷикӣ аз ИМА бо тариқи пахши мустақим аз толорҳои намоишии ОМТ дидан намуда, инчунин оид ба паҳлуҳои гуногуни таъриху фарҳанги миллати тоҷик саволу ҷавоб намуданд. Ин амал дар фаъолияти осорхонаҳои кишвар назир надошта, яке аз бузургтарин дастовардҳои соҳаи фаъолияти осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият мебошад.

Ҳамчунин аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бошад, бахшида ба ин ҷашни муҳими миллат ба як қатор кормандони фаъоли Осорхонаи миллии Тоҷикистон Ифтихорнома ва Сипоснома тақдим гардид.