Ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ оид ба натиҷагирӣ аз намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ»
Рӯзи 13.10.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ оид ба натиҷагирӣ аз намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иниститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаи «Ҷумҳурият», донишҷӯёни факултетҳои фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, донишҷӯёни факултети фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар сухани ифтитоҳии хеш зикр намуд, ки намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” – яке аз намоишҳои бузургтарини ёдгориҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар буда, дар самти муаррифии таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати тоҷикон ҳамчун бузургтарин ва нодиртарин намоиш шинохта шудааст. Саҳми намоиши мазкур дар инъикоси таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон дар арсаи байналмилалӣ басо муҳим ва назаррас мебошад.
Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуда, мавзуъҳои зерин мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор гирифтанд:
- Аз таърихи ташкили намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”;
- Таркиби ташобинони намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”;
- Инъикоси намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар шабакаҳои иҷтимоии Осорхонаи миллӣ.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”-ро дар Осорхонаи миллӣ 64 ҳазор нафар ва шакли сайёри онро дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Панҷакент ва Хуҷанд 6 ҳазор нафар дидан намуданд.
Дар охир миёни иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ оид ба натиҷагирӣ аз намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.
Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон – Кенҷаев Фаридун