Туҳфаҳои Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ

Туҳфаҳои Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ

 

  Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст 22 январи соли ҷорӣ дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мулоқот намуданд.
Зимни вохурии судманд аз ҷониби намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Сарвари давлат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як адад либоси варзишӣ (футболка), ки бо нақшу нигори миллӣ, парчами давлатӣ ва навиштаҷоти “Эмомалӣ Раҳмон” оро ёфтааст, инчунин як адад тӯб бо соядати футболбозон ва рамзи Федератсияи футболи Тоҷикистон туҳфа карда шуд.
Дар асоси дастури Пешвои миллат ин туҳфаҳои нодир ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд. Ҳоло туҳфаҳои мазкур дар толори “Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” дар гушаи алоҳида тибқи муқарароти осорхонавӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.